Масъулини Тоҷиксуғурта: Ба Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун президент суғурта пардохт намешавад
Масъулини ширкати давлатии Тоҷиксуғурта мегӯянд, дар сурати аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ё хонаводаи Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури пешини Тоҷикистон пешниҳод шудани дархост, маблағи суғуртаи ҳаёти ӯро хоҳанд пардохт.
Абдулло Абдуллоев, муовини аввали раҳбари ин ниҳод ҷумъаи 5 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, барои Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун раисиҷумҳури собиқ суғурта пардохт намешавад: “Суғуртаи ҳаёт дар замони фаъолияти президентӣ пардохт мешавад”.
Аммо ба гуфтаи ӯ, чун Қаҳҳор Маҳкамов узви Маҷлиси миллӣ буд, дар сурати дархост аз ҷониби палатаи болоии парлумон ё хонаводаи вай, маблағи суғуртаро мепардозанд: "Мо ҳам ба кормандонамон дастур медиҳем, ки ба Маҷлиси миллӣ расонанд, ки ҳуҷҷатҳои лозимро фиристанд".
Дар мавриди ҳаҷми суғуртаи ҳаёти президент ҷаноби Абдуллоев гуфт, “ин сир аст”.
Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, соли 1991 ба истеъфо рафт.