Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ дар соҳаи нақлиёт ба муовинаш як моҳ муҳлат дод
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз танзим нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо интиқод кардааст.
Дафтари матбуоти раиси пойтахт мегӯяд, дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз “ҳолати низоми ташкили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, тарзи меъёрию дилхоҳ то ба ҳол танзим нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, бо вуҷуди масъалагузориҳои ҳамарӯза боиси нигаронии мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо боқӣ мондани танбашавии воситаҳои нақлиёт" изҳори нигаронӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар робита ӯ аз фаъолияти муовини соҳавии худ Низом Ҳакимов интиқод карда, “барои ислоҳи вазъ ба мавсуф то 1 сентябри соли равон муҳлат муқаррар намуд”.
Ин дар ҳолест, ки 28 марти соли равон ҳам Маҳмадсаид Убайдуллоев бо нигаронӣ аз фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳу гузаргоҳҳои зеризаминии серодам, фаъолияти анҷомдодаи муовини соҳавиаш, Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин як моҳ муҳлат дода буд. Он замон шаҳрдори Душанбе Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳоро муваззаф намуд, то назорати қатъию мунсифонаи худро оиди ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муттасил ба роҳ монда, ҷиҳати ислоҳи вазъ бо қабули қарорҳои дахлдор, моҳе як маротиба унвонии раиси шаҳр маълумот пешниҳод намоянд.