Фурӯши навзод бар ивази 3 ҳазор доллар дар шимоли Тоҷикистон
Бо иттиҳоми хариду фурӯши тифли навзод пулиси вилояти Суғд се нафарро боздошт кардааст.
Аз мақомои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба “Озодагон” хабар доданд, ки ин афрод 3 август дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри Бӯстон дастгир шудаанд: “Муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 21-солаи бошандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 август, тахминан соатҳои 11:20 духтарчаи навзодро ба зани 30-солаи сокини шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтаанд”.
Манбаъ афзуд, аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.