Жириновский: Доналд Трамп хеши ман аст
Владимир Жириновский, раиси ҳизби либерал демократии Русия ва аз шахсиятҳои хабарсози ин кишвар имрӯз, 4-уми август, зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст, Доналд Трамп, номзади ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА хеши ӯст.
Жириновский дар ин нишаст аз пайдо шудани решаҳои умумии хешу таборияш бо Трамп хабар дода, гуфтааст: “Ман дар яке аз озмоишгоҳҳои Амрико ташхис шудам. Дар истодагарӣ ва мағлубсозӣ ӯ бо ман наздик аст”.
Ҳамчунин Жириновский гуфтааст, ки раисҷумҳури 36-уми ИМА Линдон Ҷонсон ва ду ноиби раисҷумҳури Амрико низ аз ҳамтаборони ӯянд.