Боздошти табиб барои гирифтани пул баъди “барқарор намудани пардаи бакорат”
Як момопизишки таваллудхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст.
Бино ба иттилои манобеи “Озодагон” Р.М. барои барқарор кардани пардаи бакорат аз як нафар 200 доллар гирифтааст: “Парвандаи ӯ ба додгоҳ ирсол шудааст”.
Дар Шӯъбаи раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ҳам боздошти момопизишкро тасдиқ намуда, гуфтанд, ӯ моҳи гузашта дастгир шуд. Мирзоалӣ Раҷабзода, масъули ин шӯъба ба “Озодагон” гуфт, дар гузашта низ мақомот Р.М.-ро ба маблағи 8000 сомонӣ ҷарима баста буданд: “Мо ба ӯ танбеҳ эълон карда будем, аммо бо далели нарасидани мутахассисон наметавонем аз кор озодаш кунем”.
Бино ба омори расмӣ дар шаш моҳи соли равон дар минтақаи Кӯлоб 5 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи тандурустӣ ошкор шудааст.