Президент баъди нашри 5 китоб дар соли 2016, ду асари дигар менависад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар садади навиштани боз ду китоби дигар аст. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2016 панҷ китоби ӯ аз чоп баромад.
Расонаҳо менависанд, Бердимуҳаммадов баъди ба рухсатӣ баромадан ба навиштани ин китобҳо оғоз кардааст. Яке аз ин китобҳо ба таърихи миллат ва дигарӣ ба таҳаммулпазирии мардуми туркман бахшида шудааст.