Марди 47-сола дар куштори дӯстписари духтараш гумонбар мешавад
Раёсати корҳои дохилии Суғд бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи сокини 22-солаи Истаравшан ду нафарро боздошт кардааст.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, ин афрод дар пайи як амалиёти кормандони пулис рӯзи 3 август дастгир шудаанд: “Муайян гардид, ки марди 47-сола бо маслиҳати пешакӣ бо ҷияни 21-солааш, сокинони шаҳри Истаравшан, бинобар сабаби муносибати ошиқона доштани ҷавони 22-сола бо духтараш, ӯро ба мошини “Опел-Зефира” савор карда, ба тарафи бошишгоҳи саҳроии ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан мебарад ва бо корди хоҷагӣ 31 маротиба ба аъзои баданаш мезанад”.
Манбаъ гуфт, дар натиҷа ҷабрдида дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Феълан аз рўйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад”.