ВАО: ИМА бар ивази 4 нафар ба Эрон пинҳонӣ $400 миллион интиқол додааст
Нашрияи “The Wall Street Journal” бо такя ба кормандони давлатии амрикоӣ ва аврупоӣ навиштааст, ҳукумати Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ба ивази озод шудани 4 шаҳрванди ин кишвар ба таври махфӣ ба Эрон 400 миллион доллар интиқол додааст.
Манобеи ин нашрия таъйид кардаанд, ки ин маблағ ба Эрон бо пули нақди евро, франки швейсарӣ ва асъори дигар кишварҳо интиқол ёфтааст. Ин пулҳо аз бонкҳои марказии Ҳолланд ва Швейсария харида шудаанд. Ба навиштаи “The Wall Street Journal” ин пулҳо бахши аввали ҳаллу фасл кардани баҳси 1,7 миллиард долларии муомилаи яроқи замони шоҳ Муҳаммад Ризои Паҳлавӣ будаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, Эрон бозпас гирифтани 400 миллион доллари замони шоҳро талаб кардааст, ки ба бунёди махсуси Пентагон барои харидани размандаҳо ворез шудааст. Аммо манобеи “The Wall Street Journal” замони фуруд омадани ҳавопайморо бо ин миқдор пул дар фурудгоҳи Теҳрон мушаххас накардаанд.
Дар ҳамин ҳол манобеи наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтаанд, замони фуруд омадани ҳавопаймои омили пул ба фурудгоҳи Меҳробод ҳукумати Эрон 4 сарбози боздоштшударо озод кардааст. Манбаъ навиштааст, ин сарбозон Эронро 17 январ тарк кардаанд. Дар пайи озод шудани сарбозони амрикоӣ ин кишвар ҳам 7 шаҳрванди Эронро раҳо намуда, дархости боздошт ва истирдоди 14 тани дигарро бекор кардааст. 16 январ Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бекор кардани таҳримҳои Эронро эълом карданд.