Прокурори генералӣ: Ҷонибдори ҳукми қатл дар Тоҷикистонам
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҷонибдори роҳандозии дубораи ҳукми қатл дар кишвар мебошад.
Ӯ имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳамчун прокурори генералӣ ҷонибдори татбиқи ҳукми қатл нисбати онҳое мебошад, ки ислоҳ намешаванд: “Ҷонибдори татбиқи ҳукми қатли онҳоеям, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин-куштори чанд нафар содир мекунанд. Ҷиноятҳои давлатӣ, аз ҷумла қасди табаддулоти давлатӣ мекунанд. Инчунин афроде, ки даст ба амалҳои террористӣ мезананд”.
Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки ин мавқеи шахсии ӯ мебошад ва аз ҷониби дигар Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсияи байналмилалӣ уҳдадориҳои худро дорад.
Ин дар ҳолест, ки феълан панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд, аммо амалан он татбиқ намешавад, зеро Тоҷикистон аз аввали солҳои 2000-ум барои татбиқи ин ҳукм маротория эълон намудааст.