Human Rights Watch дигарбора хостори раҳоии Азизхоҷаев шуд
Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар бо пахши як гузориш аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Абубакр Азизхоҷаев, тоҷир ва мунтақиди ҳукуматро, ки 7 июл барои 2,5 сол равонаи зиндон шуд, фавран озод кунад.
Дар гузориши ин созмон, ки имрӯз, 4 июл дар шаҳри Торонтои Канада нашр шудааст, гуфта мешавад: “Наздикони Абубакр ба Дидбони ҳуқуқи башар гуфтанд, онҳо бо далели пӯшида будани маҳкама аз ҳукми ӯ 2 август хабар ёфтанд. Ҳатто маҳкама бидуни иштирки наздикон ва мушовир сурат гирифтааст. Боздошти Азизхоҷев моҳи феврал баъд аз интиқоди домоди Эмомалӣ Раҳмон барои амалҳои фасоди тиҷорӣ сурат гирифт”.
Стив Свердлов, пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна дар ин гузориш мегӯяд, “Абубакр Азизхоҷаев охирин ҷанги Тоҷикистон алайҳи дигарандешон аст, аммо ин охирин нахоҳад буд магар ин ки мутаҳидони байналмилалӣ алайҳи масхара шудани адолат садо баланд кунанд”.
Дар идомаи изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар омадааст: “Тоҷикистон баъд аз поёни ҷанги дохилӣ миёни бадтарин саркӯбкунандаҳои сиёсӣ ва динӣ қарор дорад. Тӯли 2 соли ахир мақомот аъзои ҳизби мухолифи муътадил, рӯзноманигорон, фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқдонҳоро боздошт, зиндонӣ ва шиканҷа карданд”.
Ин созмон бо ишора ба арзёбиҳои худ навиштааст, садҳо мунтақид ва аъзои оилаи онҳо Тоҷикистонро тарк карданд: “Аммо мақомоти тоҷик ин мунтақидонро дар хориҷ ҳам таъқиб мекарданд. Роҳҳои боздошт ва истирдоди онҳоро меҷӯстанд ва ин мунтақидон дар хориҷ нопадид ва дар боздоштҳои Тоҷикистон пайдо мешуданд”.
Дар гузашта ҳам Дидбони ҳуқуқи башар хостори озод кардани Абубакр Азизхоҷаев шуда буд.
Абубакр Азизхоҷаев 26 феврали соли равон дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе дастгир шуда, хабари равонаи зиндон шуданаш ба тозагӣ расонаӣ гардид. Аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” гуфтанд, Азизхоҷаев дар “барангехтани кинаю адовати миллӣ” муҷрим шинохта шуд ва 2,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.