Ю.Раҳмон: Ин ки Кабирӣ мегӯяд, дар ҷустуҷӯи Интерпол нест, назари шахсии ӯст
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад.
Ӯ имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҷониби Тоҷикистон тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро барои боздошти Кабирӣ ба кишварҳои хориҷӣ равон намудааст. Додситони кул афзуд, ин ки Кабирӣ мегӯяд, дар ҷустуҷӯи Интерпол нест, назари шахсии ӯ мебошад: “Мо тамоми ҳуҷҷатҳоро равон кардем ва дар сурати боздошти Кабирӣ масъалаи истирдодашро баррасӣ мекунем”. Додситони кулли Тоҷикистон бори дигар даст доштани Кабирӣ дар талоши табаддулоти давлатии Ҳоҷӣ Ҳалим дар моҳи сентябри соли 2015-ро таъкид кард.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ иддаои мақомоти Тоҷикистонро рад карда, изҳор доштааст, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор надорад.
Кабирӣ ин нуктаро дар суҳбат бо “Исламнюз” изҳор дошта, афзудааст, ки мақомоти тоҷик танҳо бо кишварҳои алоҳидаи минтақа барои боздошту истирдоди ӯ вориди музокирот шудаанд. Кабирӣ изҳор доштааст, ки Интерпол дархости Тоҷикистон барои мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯро рад кардааст.
Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ гуфт, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ таҳти пайгарди байналмилалии Интерпол қарор дорад. Ӯ инчунин изҳор дошт, бо кишварҳои алоҳида дар мавриди боздошту истирдоди Кабирӣ ҳамкорӣ доранд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои Вазорати умури доҳилӣ 342 шаҳрванди кишвар таҳти пайгарди Интерпол қарор доранд, ки 275 нафарашон дар терроризму ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.