Юсуф Раҳмон: Нисбати Пономарёв мавод ҷамъ карда истодаем
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, нисбати Сергей Пономарёв, журналисти рус барои матлаби баҳсбарангезаш -“Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее” (Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон) мавод ҷамъоварӣ карда, ба мақомоти дахлдор ирсол намудаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, агар тасдиқ шавад, ки Пономарёв дар маводаш ба таҳқиру туҳмат роҳ додааст, ҳатман нисбаташ парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд.
Ахиран Шариф Ҳамдампур, медиамагнати тоҷик гуфт, журналисти рус Сергей Пономарёв дар матлабаш -“Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее” (Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон) миллати тоҷик ва Пешвои онро таҳқир кардааст. Ҳамдампур 21-уми июл бо баргузории як нишасти матбуотии эътирозӣ дар Душанбе гуфт, барои нашри ин матлаб дар сомонаи «kp.ru», ӯ чопи минбаъдаи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистонро бозмедорад. Пономарёв дар матлабаш, ки 18-уми июл чоп шуд, тоҷиконро Равшану Ҷамшут хонда, изҳор доштааст, ки намуди зоҳирии онҳо бо пӯшидани ҷинсҳои чинию пойафзолҳои пастсифат тағйир ёфтааст. Журналисти рус инчунин ба роҳбарияти Русия барои тағйири раҳбарони Тоҷикистон дастур додааст.
Дар вокуниш ба ин эътирозҳо Сергей Пономарёв, матлаби баҳсбарангезаш дар бораи Тоҷикистонро оинае хондааст, ки дар он ҳақиқат инъикос шудааст ва ин тасвир ба мақомоти тоҷик писанд наафтод.
Пономарёв дар шарҳи матлабаш зери унвони “Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее”, ки эътирози ҷониби Тоҷикистонро ба вуҷуд овард, изҳор доштааст, ки мақомоти тоҷик расонаҳои ба ном мустақилу давлатиро таҳти назорати пурзӯр қарор додаанд: “Ман расонаҳои тоҷикиро дидаму маҷаллаи “Корея” ба ёдам расид, ки замоне аз Кореяи шимолӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ оварда мешуд”.
Ба гуфтаи Пономарёв расонаҳо, радиою телевизионҳо аз дастовардҳои беназир таҳти роҳбарии хирадмандонаи ҳукумати феълӣ менависанд, аммо вазъи аслӣ дар Тоҷикистон дигар аст: “Саноат тахриб шудааст, хоҷагии қишлоқ дар ҳоли рукуд қарор дорад. 93%-и Тоҷикистон куҳсор аст ва тақрибан тамоми 7 фоизи боқимонда низ ба чиниҳо ба иҷора дода шудааст. Мардум ҷои кору даромад надорад. Ҳудуди 1,5 миллион нафар дар муҳоҷирати меҳнатиянд. Аллакай 220 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва 300 ҳазори дигар дар ҳоли баррасист. Вақте диданд, ки онҳоро таъриф накардаанду ҳақиқатро навиштаанд, ин ҳақиқат барояшон писанд нашуд. Бинобар ин чунин вокуниш нишон додаанд”.
Ин журналисти рус изҳор доштааст, ки бо бастани “Комсомольская правда” ҳақиқатро пинҳон кардан намешавад: “Барои ин бояд интернет пурра баста шавад ва зимни сафари муҳоҷирон ба Русия бояд аз онҳо забонхат гирифта шавад, ҳақиқати Тоҷикистонро ба касе нақл нахоҳанд кард”.
Аз ин пештар Владимир Сунгоркин, сардабири нашрияи Комсомольская правда” вокунишҳои ҷониби Тоҷикистонро ба матлаби Сергей Пономарёв “воҳима” хонда, изҳор доштааст, ки мақомоти тоҷик қаблан аз ин матлаб изҳори норозигӣ карда буданд.
Сунгоркин дар суҳбат бо “Риа новости” гуфтааст, “муболиғаи бузург аст, ки гӯиё 10 матлаби Пономарёв дар бораи Тоҷикистон масхараю таҳқири ин кишвар аст. Ба фикри ман он ҷо ягон чизи таҳқиромез нест, ки метавонад дӯстии Тоҷикистону Русияро халалдор кунад. Ин баёнгари вазъи ахлоқу арзишҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аст”.
Сунгоркин илова намудааст, ки баъди нашри нахустин матлаби Пономарёв мақомоти Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ изҳор доштанд, ки нотаи расмии эътирозиро таҳия мекунанд ва ишора намуданд, ки агар матлаб аз сомона гирифта шавад, нашри ҳафтанома дар Тоҷикистон метавонад идома ёбад: “Аммо мутаассифона ман ҳамчун муҳаррир наметавонам шартҳояшонро қабул кунам, зеро таҳқиру тавҳин ё ноадолатие дар ҳаққи Тоҷикистонро дар ин матлаб надидам”.
Ба гуфтаи сардабири “КП” матлаби Пономарёв гузориши оддӣ аз ҳаёти рӯзмарра аст ва илова намудааст, ки нисбати халқи тоҷик муҳаббати хосе доранд. Ӯ зикр кардааст, ки чунин матолиб дар мавриди Гурҷистон ва кишварҳои назди Балтик низ нашр шуда буданд, аммо ин давлатҳо вокунише нишон надоданд.