Додситонӣ: Гунаҳкории шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим ва наҳзатиҳо бебаҳс аст
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз 200 шарики боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалим то ҳол ҳукми 170 нафарашон эълон шуд.
Додситони кул гуфт, шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим барои муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд ва гунаҳкорияшон дар қасди табаддулоти давлатӣ бебаҳс мебошад. Ба гуфтаи ӯ гуноҳи онҳо вақти тафтишот ва дар мурофиаи додгоҳӣ тасдиқ шуд.
Оқои Раҳмон афзуд, зимни тафтишот маълум гардид, ки аъзои Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо қасди табаддулоти давлатӣ алоқамандӣ доранд: “Аз ҷумла 25 узви ҲНИТ низ бо қарори додгоҳ ба ҷазои гуногун маҳкум шуданд”.
Ахиран Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки марҳилаи додгоҳии парвандаҳои марбут ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим низ дар ҳоли анҷомёбист. Бар асоси изҳороти раиси Суди Олӣ дар робита ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим то ҳол 10 корманди сохторҳои қудратӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки як нафарашон мақоми аршадро ишғол мекард. Ӯ аз ифшои ному ҷузъиёти ҷиноятҳои шарикони “пагондор”-и Ҳоҷӣ Ҳалим худдорӣ карда, таъкид намуд, ки ман қаблан ҳам гуфтам ва бори дигар такрор мекунам, ки ин қазия натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ мақомоти қудратӣ буд.