Нигаронӣ аз заминфурӯшии мансабдорон ва гуруҳҳои муташаккил
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ифшои фӯрӯши ғайриқонунии 1000 гектар замин дар шаш моҳи аввали соли равон хабар дод.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, мубориза алайҳи заминфурӯширо самти асосии фаъолияти ниҳоди тобеяш гуфт. Ӯ гуфт дар ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунии 1000 гектар замин ошкор шуд, ки ба ивази 900 ҳазор доллар фурӯхтаанд.
Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки бархе аз гуруҳҳои муташаккил, аз ҷумла мансабдорон даст ба заминфурӯшӣ мезананд: "Ин ҷо камбудӣ дар қонунгузории замин нест. Камбудӣ дар масъулин аст, ки даст ба ҷиноят мезананд".
Ӯ афзуд, феълан дар робита ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 нафар боздошт гардида, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз фурӯши ғайриқонунии замин дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт ба ин масъала гуруҳҳои муташакил машғуланд.