Тавре ба хабаргузории «Озодагон» мудири шӯъбаи равобити хориҷии ҳизб иттилоъ дод, 18-уми ноябр ҳайат бо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев мулоқот намуда, вазъияти пешомадаро мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд.
Зимнан таъкид гашт, ки ин масоили марбут ба қазияи халабонҳо ва будубоши муҳоҷирини кории тоҷик бояд аз ҳам ҷудо мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Ҳайати ҲНИТ дар мулоқот эълом дошт, ки бо созмону марказҳои ҷамъиятиву фарҳангии тоҷикон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Русия, шахсиятҳо ва рўҳониён ин кишвар мулоқот карданист.Ҷаноби Достиев низ аз ин иқдом дастгирӣ намуда, дар ин шабурўз сафари чунин ҳайатҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт: «Аслан мо бо мардуми рус мушкил надорем, танҳо доираҳои алоҳидаи сиёсие дар Русия ҳастанд, ки робитаҳои дўстиву бародарӣ онҳоро сахт нигарон кардааст. Ва бо бедор кардани ҳисси миллатгароёни рус мехоҳанд дар интихоботи парлумониашон бурди сиёсӣ намоянд. Тафсилоти бештарро бо ангушт задан рӯйи ин линк пайдо мекунед:https://www.ozodagon.com/g/item/16028