Танҳо маркази Душанбе шаҳр аст?
Баҳсҳо дар мавриди шароит ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Душанбе солҳост, ки давом доранд. Ин гуна баҳсҳо баъди қарорҳои шаҳрдори Душанбе дар мавриди баркандани танӯру дегдонҳои худсохт ва аз шаҳр берун бурдани чорво ва роҳ надодан ба парвариши он хеле зиёд шуд. Ин ду қарор бисёр муҳим буданд. Мардуме, ки иддаои шаҳрнишинии бештар аз 4 ҳазорсола доранд ва аз ин гуна шаҳрҳои худ таҷлил ҳам мекунанд, чаро наздик ба 100 сол аст, ки дар Душанбе шаҳрнишин намешаванд? Хулоса гап сари баъзе аз навоқиси иҷтимоӣ дар канораҳои шаҳри Душанбе меравад, ки барои он ҳам шаҳрдорӣ гунаҳкор асту ҳам сокинони пойтахт. Инҷо аз шарҳу тафсири бештари ин амалкардҳо канорагирӣ карда, танҳо сари навоқис суҳбат мекунам.
Яке аз одоти нозеб барои шаҳри мо ин аст, ки бештари канораҳои биноҳои маскунӣ (биноҳои бисёрқабата)-ро ҳеч касе тоза намекунад. Танҳо як маврид. Тирамоҳ вақте баргҳои дарахтон хазон мешаванду мерезанд. Дар дигар фаслҳои сол тозакорие, ки хоси як шаҳр ва он ҳам пойтахти як малакат бошад, дида намешавад. Агар касе ба ин гуфтаҳо шак дорад, лутф кунаду аз ҳолу аҳволи биноҳои маскунӣ дар маҳаллаҳои 64, 65, кӯчаи Юсуф Вафо ва маҳаллаҳои “Гипрозем”-у “Шаҳраки низомиён” дидан кунад. Албата агар саре ба атрофу акнофи биноҳои маскунӣ дар маҳаллаи Зарафшон, хусусан қисмати охири маҳалла ҳам бизанад, бад нест. Ё ин корро метавонад дар маҳаллаҳои дигар, аз ҷумла 7 км ва 9 км низ анҷом диҳад. Хулоса макон муҳим нест, муҳим ин аст, ки ҳамин гуна вазъро дар маҳаллаҳои канории Душанбе ҳатман мебинад. Дар мавриди маҳаллаи Куҳдоман танҳо баъди дидан бояд суҳбат кард.
Дигар аз одоте, ки тақрибан хоси Душанбе шудааст ин аст, ки Шумо дар маҳалҳои канорӣ барои аз хоб хестан ташвиши лозимро намекашед. Хусусан агар хонаатон ба бозорҳои “Саховат”-у “Деҳқон” наздик бошад, ин мушкил шуморо комилан азоб намедиҳад. Зеро аробакашҳои ин бозорҳо шаб аз воридкунандагони маҳсулоти ниёзи мардум, ба қавли худ аз “оптавик”-ҳо меваю сабзавотро бо нархи арзотар мегиранду субҳи бисёр барвақт бино ба бинои ин маҳалҳо мегарданд. Ба тамоми овозашон, ҳатто баландтар аз хонандаҳои опера (Аз Рустам Дуллоеву Адҳам Холиқов баландтар) дод мезананд: “Тарбузи арзон”, “памидори свежий”, “бодринги Орзу”, “ангури 3,5-сомона”, “боимҷон, картшка, пиёз”! Албата, агар дилбастагӣ ба “сметан”-у қаймоқ” ва “простин”-у “шавховравак” дошта бошед, ғами Шуморо ҳам ин “ғамхорони Душанбе” хӯрдаанд. Вале бо ин ҳама ғамхорӣ, дар субҳи барвақт, дар “таги бинии одам” омада дод задан, хоси чӣ гуна як шаҳр аст? Инҳо магар аз шаҳрдорӣ муҷаввиз доранд? Кӣ ба инҳо ҳақ дода, ки калонсолҳо як сӯ, тифлакону кӯдаконро аз хоб бедор кунанд? Баъзан дар пеши як бино то ду се аробадор якҷоя дод мезананд, ки яке “картошка” дораду якеи дигар “ангуру памидор”. Гумон мекунӣ, ки хор мехонанд ва суруд ҳам “картошкапамидорангур” аст.
Баъзе холаҳои дигар ғами мову кӯдакони моро хурда, дар субҳи сабоҳи Душанбе то 8-уму 9-ум ошёна баромада ба дар так-так мезананд, ки “шир намехарӣ”?
-Қурбонат шавам, холаи ҷон, мехарам, вале чаро бояд ту биёиву маро аз хоб бедор кунӣ, то ширатро бихарам!?
Лутфан, ба таваҷҷуҳи сокинони Душанбе: ин гунаи холаҳо “маскаву равғани тоҷикӣ, қаймоқи “оригинал” ва ҷурғоти тоза” ҳам доранд.
Ман дар шаҳрҳои зиёде набудаам, вале дар Маскаву Минску Бишкеку Мазори Шарифу.... ин ҳолро мушоҳида накардам. Ҳатто ин ҳолро чанд боре, ки меҳмони Хуҷанду Бӯстон (Чкалов) ҳам будам, надидам. Шояд дар ин ду шаҳри худамон ҳам ин гуна ғамхорон бошанд?!
Дар мавриди додзаниву бефаросатии ронандагону “пулчинак”-ҳои онҳо ҳоҷати гап нест. Агар дар истгоҳи “Садбарг”, пеши бозори “Саховат”, оғози бозори “Корвон” ва ҳамин тур дар ҳар охирин истгоҳи хатсайрҳои мусофиркашонии Душанбе бошед, ҳатман ба ин гуна фарҳангу фаросату шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ дар зери лаб ва ё аз таҳи дил чизе гуфтаед. Ин ки чӣ гуфтаед намедонам, вале раҳмат нест, балки нафрат аст. Барои ин гуна муносибату бархурд ғайри нафрат чизи дигаре муносиб нест.
Дар маврид “ҷугорифурӯшҳо”-и ҷодаву хиёбонҳои Душанбе гап задан “бемаврид” аст, зеро “сезон” аст. Халтаҳои саропо чангу чирк ва зардшудаи ин холаҳову ин кӯдакакони “ҷугорифурӯш” раҳми инсонро меоварад, вале чӣ кунем, ки барои ин ҳоли зори эшон мо гунаҳкор нестем. Онҳое ки масъули ин ҳоли зоранд, аслан онҳоро намебинанд. Вале бо ин ки онҳо чорае ҷуз ин надоранд, ҳаргиз мо дар пойтахти як кишвар маҷбур нестем, ки чирку маҳсулоти бекайфияту ба саломатии худ музирро бихарем. Шояд дар ин бора Вазорати тандурустӣ ё идораи тандурустии шаҳр ё ҳамон “СЭС”-и маъруфи даврони Шӯравӣ суҳбат кунад.
Мушкили нақлиёт, набуди об (бо вуҷуди худу кишвари худро мубтакиру ташаббусгару ҳомии оби тоза дар ҷаҳон эълон кардан) инҳо дигар мисле ки ҷузъи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Душанбе шудаанд. Ба назар мерасад, ки ин мушкилот ҳеч гоҳе ҳалли худро намеёбанд. Дар мавриди оби гарм, ҳоло хубтар аст, ки нагуйем. Зеро то масъалаи оби хунук ҳал нашавад, оби гарм аз куҷо ҳал мешавад?! Ҳадди ақал як борак дар навиштани матлабҳои журналистӣ аз қонунҳои мантиқ кор бигирем.
Инҳо ки гуфтем теъдоди бисёр каме аз шумори зиёди навоқиси иҷтимоие мебошанд, ки ба як падидаи хоси шаҳрнишинӣ дар Душанбе табдил ёфтаанд. Агар қарор аст, ки Душанбе танҳо хиёбони Рудакӣ ва қисме аз хиёбонҳои Айниву Исмоили Сомонӣ бошанд, пас бояд ин “фарҳанги хос”-ро бипазирем, вале агар тамоми Душанбе шаҳр аст, ин ҳамоқату таҳвини шаҳру шаҳрнишиниву шаҳрнишину сокинон чиро? Ё дар куҷо дидаед, ки ними шаб, берун аз сати корӣ, як нозири барқ, идораи об ё масъули ҷамъоварии пули ба истилоҳ “мусор” биояду дари Шумро так-так кунаду дар дили шаб, ки вақти истироҳати мардуми шаҳр аст, пул ҷамъ кунад? Хулоса пеши Шумост, хонандаи азиз. Агар бигӯйед, ки бо ин воқеиятҳои “шаҳрнишиниву шаҳрсозӣ” созиш кунем ҳақ ҳастед, зеро масъулонро тобу тавон ва майли аз байн бурдани он нест. Вале агар мегуйед, ки мо ориёиему, фарҳанги бисёрҳазорсолаи шаҳрнишинӣ дорему, миллати “зарринтоҷи ваҳдатсароем” пас баланд шаведу ин ҳама доштаҳои худро нишон диҳед!!!
Мушоҳидагари “Озодагон”