Хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ин бора иттилоъ дода гуфт, зимни нишаст райиси ноҳия З.Узоқова, муовини прокурори ноҳия Х.Назаров, раиси суди ноҳия Х.Муҳаммадиев бо аҳолии ҷамоати шаҳраки Нов дар мавзӯъҳои вазъи кунунии сиёсию иҷтимоӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳо, ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падуру модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоат иштирок намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва намояндагони сохторҳои дахлдор ҷавоби дақиқ гирифтанд. Як чунин вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Тағояк низ бо иштироки 350 нафар доир гардид.