Бонки Миллӣ: Барои савдою хизматрасонӣ бо $ иҷозат гиред
Бонки Миллии Тоҷикистон аз ниҳодҳое, ки ба фаъолияти махсус ва додугирифт бо асъори хориҷӣ машғуланд, хостааст, то 15-уми август иҷозатномаро гиранд.
Тавре аз Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ширкатҳои мобилӣ, логистикӣ, роҳи оҳани Тоҷикистон, меҳмонхонаҳо ва тамоми ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон ба фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ машғуланд, бояд то 15-уми август иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд: “Дар ҳолати нагирифтани иҷозатнома барои фаъолияти махсус нисбати онҳо чора андешида мешавад”.
Бонки Миллӣ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон танҳо хизматрасониҳои зерин метавонанд бо асъори хориҷӣ амалӣ карда шаванд:
а) фурӯши мол ба мусофирон дар мағозаҳои савдои бебоҷи фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои байналмилалӣ;
б) хизматрасонӣ ба мусофирон дар воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ;
в) иҷрои кор ва хизматрасонӣ оид ба таъминот, нигоҳбонӣ, таъмир ва ташхису омодасозии ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ;
г) хизматрасонии консулӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои байналмилалӣ;
д) хизматрасонии роуминги хориҷӣ дар алоқаи байналмилалии мобилӣ;
е) хизматрасонии миёнаравӣ дар хариду фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҳангоми воридоту содироти онҳо;
ё) хизматрасонӣ барои кашонидани бор дар нақлиёти боркашонии байналмилалӣ, аз ҷумла, хизматрасонии экспедиторӣ, суғуртакунонӣ ва ғайра;
ж) хизматрасонӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаҳо;
з) хизматрасоние, ки ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ дар ташкилоти қарзӣ вобастагӣ дорад.