Додгоҳ: Азизхоҷаев гуноҳашро пурра иқрор кард
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳибкори тоҷик Абубакр Азизхоҷаевро, ки моҳи феврали соли равон боздошт гардид, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ин хабарро ба “Озодагон” дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ карда, афзуданд, ки Азизхоҷаев зимни мурофиа пурра гуноҳашро иқрор кардааст.
Аммо наздикони соҳибкори маҳкумшуда гуфтаанд, ҳукм бидуни ҳузури онҳо ва вакили дифоъ содир гардидааст.
Қаблан созмони Дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch бо нашри як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хост, соҳибкор Абубакр Азизхоҷаевро озод намояд.
Дар изҳороти Human Rights Watch боздошти Азизхоҷаев "дорои ангезаи сиёсӣ" унвон шуда, таъкид гардидааст, ӯ баъди интиқод аз фасодкорӣ дар фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва масъулини ширкати "Фароз" дастгир шудааст.
Стив Свердлов, масъули Human Rights Watch гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон бояд дастандаркорони бадрафторию шиканҷа нисбати Азизхоҷаевро муҷозот кунад. Свердлов моликони ширкати Фарозро аз наздикони раисиҷумҳур муаррифӣ карда, афзудааст, “боздошт барои интиқод набояд дар кишваре сурат гирад, ки даъвои эҳтиром ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсонро дорад".
Тибқи иттилои дидбони ҳуқуқи башар, Азизхоҷаев 26 феврали соли равон дар хонааш дар Душанбе аз сӯи пулис дастгир шудааст: “Аввал гуфтаанд, ки ӯро барои шоҳидӣ ба идораи амният овардаанд, аммо баъдан алайҳаш бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ бар асоси моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардаанд”.
Дар изҳороти Human Rights Watch таъкид шудаааст, Азизхоҷаев соҳиби ширкати нашриётии “Дурнамо” мебошад, ки ба чопи рақамҳои мошинҳо машғул будааст ва аз соли 2009 бо ширкати “Фароз” таниш доштааст, ки бо боздошти ӯ анҷомидаст.