Давлатзод: Чин бо пулаш ҳоло ба Тоҷикистон хатар надорад
Умед Давлатзод, ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки агар саҳми як кишвар дар сандуқи қарзии кишвари дигар аз меъёри муайян гузарад, хатарнок аст.
Давлатзод имрӯз, 2-юми август дар посух ба суоли “Озодагон”, ки сарозери қарзу сармояи Чин ба Тоҷикистон кишвари моро пойбанд намекунад, изҳор дошт, ки мақомоти тоҷик саҳми Чинро дар сандуқи қарзии Тоҷикистон таҳлил карда истодаанд ва он ба ҳадде нест, ки хатарнок бошад.
Ноиби вазири рушди иқтисод гуфт, бархе созмонҳо мехоҳанд хатари сармоягузории Чинро ба Тоҷикистон аз асл зиёдтар нишон диҳанд. Ба гуфтаи ӯ иқтисоди кишвари мо боз аст ва ҳар сармоягузоре метавонад дар ин ҷо маблағгузорӣ кунад. Давлатзод Чинро ҳамсояи бузурги Тоҷикистон хонд, ки бо мо манофеи муштраки иқтисодӣ дорад ва бештар дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла нақлиёту энергетика маблағгузорӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон то ҳол 2,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 40 фоизаш ба Чин рост меояд.