Тоҷикистон шомили "Федератсияи биатлони танкӣ" мешавад
Тоҷикистон, Белоруссия ва Қазоқистон метавонанд ба созмони байналмилалии "Федератсияи биатлони танкӣ" шомил шаванд. Дар ин генерал-полковник Александр Лентсов, президенти ин созмон ба журналистон хабар додааст.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз Лентсов менависад, филиалҳои ин созмони ҷамъиятӣ дар тамоми округҳои Русия созмон дода шудаанд: "Эҳтимоли ба узвияти ин созмон пазируфтани ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар назар аст. Филиали федератсияи байналмилалӣ аллакай дар Арманистон фаъол аст".
Озмуни “Биатлони танкӣ” 30 июл дар чорчуби “Бозиҳои байналмилалии артишӣ” дар тамрингоҳи Алабинои назди Маскав шурӯъ шуда, то 13 август идома хоҳад кард.
Акс аз ТАСС