Қасди ҷавони тоҷик барои ғорати банкомат бо мехкашак
Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз боздошти як ҷавони 20-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки хостааст, бо мехкашак банкомати Сбербонкро боз намояд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳодиса 31-уми июл тақрибан соати 3:30-и субҳ рух додааст: “Муттаҳам дар рӯй ниқоби тиббӣ кашида, тавассути табар ва мехкашак хостааст банкоматеро, ки 24 соат кор мекард, боз намояд. Аммо бо садо додани занги огоҳкунанда маъмурини пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ӯро боздошт намудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, алайҳи ин шаҳрвандаи Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 30 ва 158-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия-қасди дуздӣ, парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.