Нигаронии Шарофзода аз дастрас набудани мавҷи ТВ ва радио дар навоҳии сарҳадӣ
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз пурра дастрас набудани мавҷҳои телевизион ва радиои кишвар дар навоҳии сарҳадӣ изҳори нигаронӣ кард.
Гавҳар Шарофзода имрӯз, якуми август дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ин ҳолат ба забони миллӣ ва таблиғи он таъсири манфӣ мерасонад. Хонум Шарофзода мегӯяд, сокинони навоҳии Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб, Шамсиддини Шоҳин, Панҷ, Турсунзода аз пахши мавҷи барномаҳои шабакаҳои радио ва телевизион қариб, ки бенасиб мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи забон ва истилоҳот аз Хадамоти алоқа ва “Телерадиоком” дархост кардааст, пахши саросарии телевизион ва радиоро дар кишвар, махсусан навоҳии сарҳадӣ таъмин намоянд.
Ин дар ҳолест, ки дар навоҳии бо Узбакистон ҳаммарзи Тоҷикистон мавҷи ТВ ва радиоҳои узбакӣ нерӯманд аст ва сокинони ин минтақаҳо бештар аз он истифода мебаранд.