Қатл ва резакунии бераҳмонаи ду зани сабукпой дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки куштори бераҳмонаи ду занро дар Душанбе ошкор кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, 21 ва 29-уми июли соли 2016, аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои ду зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардиданд. Ба иттилои манбаъ қотилон ҷасади занҳоро баъди куштор ба қисмҳо ҷудо кардаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се муттаҳам-марди 25-сола, сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-сола, сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-сола, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд: “Муайян гардид, ки 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд”.
Мақомот афзуд, ки ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, 27-уми июли соли 2016, тахминан соати 03:00 бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-сола, сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд: “Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд алайҳи муттаҳамон дар куштори онҳо бар асоси моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.