Вазири тоҷик: Ҳамеша омодаи парвоз ба Тошкандем
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ҳамеша омодаи роҳандозии парвозҳо дар хатсайри “Душанбе-Тошканд” мебошад.
Ганҷалзода имрӯз, 1-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои роҳандозии парвозҳо дар ин хатсайр мавҷуданд: “Имрӯзҳо муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон маълум аст. Агар ин масъала мувофиқа шавад, мо ҳамеша омодаи ташкили парвозҳоем”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини нақлиёти Узбакистон низ барои роҳандозии парвозҳо дар самти “Тошканд-Душанбе” изҳори омодагӣ карданд.
Валерий Тян, дабири кулли ширкати ҳавопаймоии давлатии Узбакистон соли гузашта дар суҳбат бо “Podrobno.uz” гуфт, “ҳавопаймоҳои мо омодаанд, ҳатто дар давоми соли равон парвозҳои худро дар масири Тошканд-Душанбе аз сар бигиранд”.
Ба гуфтаи раҳбари ширкати ҳавопаймоии давлати Узбакистон, ягона чизе ки ҳоло монеи азсаргирии парвозҳо дар ин масир шудааст, имзо нашудани созишномаи ҳукуматӣ миёни Тошканду Душанбе мебошад: “На ҳама чиз аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ вобастагӣ дорад. Мо тасмим дорем, парвозҳоро дар масири Тошканд-Душанбе ҳатто дар давоми соли равон аз сар гирем. Вале барои ин бояд ҳукуматдорони Узбакистону Тоҷикистон зери як созишнома имзо гузоранд”.
Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст. Расонаҳои Узбакистон қаблан иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз 29-уми марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард, аммо то ҳол накардааст.