Вазири нақлиёт дар бораи хариди ҳавопаймо барои Э.Раҳмон
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 1-уми август зимни шарҳи овоза дар бораи гуфтушунидҳо барои хариди ҳавомаймо барои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ин масъала дар салоҳияти дастгоҳи Президент мебошад.
Ганҷалзода имрӯз, 1-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, агар барои Президент ҳавопаймо харидорӣ шавад, Вазорати нақлиёт масъалаи ба талаботи замон ҷавобгӯй будани онро назорат мекунад. Ба гуфтаи вазир масъулини нақлиёт ҷанбаҳои техникӣ ва дигар шароити ҳавопайморо назорат хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран як ҳайати воломақоми ширкати “Айрбас”-и Фаронса аз Тоҷикистон боздид карда, бо Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон низ мулоқот доштанд. Дар пайи ин сафар хабарҳо нашр гардиданд, ки яке аз мавзӯҳои мулоқоти ҳайати Тоҷикистону “Айрбас” хариди ҳавопаймо барои Президент мебошад. Эмомалӣ Раҳмон то ҳол ҳавопаймои махсус надорад ва зимни сафарҳояш аз ҳавопаймои “Сомон Эйр” кор мегирад.
Акс аз "Спутник"