Даргузашти журналисти тоҷик пас аз бозии футбол
Исмоилҷон Юсупов, хабарнигори ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт” дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 июл даргузаштааст.
Ҳамкорони Исмоилҷон мегӯянд, ӯ пас аз анҷоми бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои "Хуҷанд" - "Саройкамар" аз ҳуш рафтааст: “Ӯро мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхона мебарад. Онҷо ба ҳалокат расидааст”.
Ба гуфтаи онҳо, Исмоилҷон ахиран аз фишори баланд азият мекашидааст.
Бозии ҷавобии дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Саройкамар"-и Панҷ бо ҳузури 338 тамошобин дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.