Боздошти се нафар, ки бо қарорҳои сохта аз заминфурӯшӣ 98000 доллар фоида гирифтаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми хариду фурӯшӣ замин хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздошти ин афрод, ки 36, 38 ва 47 сол доштаанд, рӯзи 30 июл дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сурат гирифтааст: “Гумонбаршудагон, бо роҳи сохтакорона тайёр намудани қарорҳои раиси яке аз ҷамоатҳои ноҳияи мазкур, аз заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонӣ ғайриқонунӣ бо роҳи фиреб аз моҳи июни соли 2015 то моҳи феврали соли 2016, ба чор нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ қитъаҳои заминро ба маблағи аз 12000 то 50000-доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 98000-доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд”.
ВКД меафзояд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.