Варзоб: “Тойота” бо 5 нафар ба чуқурии 200 метрӣ чаппа шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 31-уми июл дар ноҳияи Варзоб мошини “Тойота-Королла” бо 5 сокини Душанбе ба чуқурии 200-метрӣ сарозер шудааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ронандаи 48-солаи “Тойота”, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба тарафи пойтахт, дар ҳудуди деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-метрӣ чаппа шудааст: “Дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, чор муосифири дигар, сокинони шаҳри Душанбе бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд”.
Манбаъ афзуд, ки инчунин ронандаи 23-солаи “Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, зани 27-сола ва марди 30-сола, сокинони шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд”.