Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, якуми август бо як сафари расмӣ озими Индонезия шудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, муқарарароти расмии истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Истиқлолияти Индонезия баргузор шуд: “Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва парондани 19 шилик аз тупхонаҳо, фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод”.
Ба иттилои манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар толори музокиротҳои қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузоштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, Азамшо Шарифӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав, Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд: "Барномаи сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хосса бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодиро фаро мегирад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия маҷмуи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд".
Ин сеюмин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия мебошад. Ӯ солҳои 2003 ва 2007 низ аз ин кишвар дидан кардааст.