Ҷавони 24-сола ҳамсари собиқашу хоҳари ӯро захмӣ карда, як нафарро куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 24-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад, ки дар содир намудани куштор муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда соати 10:00-и 28 июли соли равон дар пайи муноқишаҳои оилавӣ “бо корди ошхонагӣ ба бадани собиқ ҳамсараш зани 24-сола, хоҳари ҳамсараш зани 27-сола ва марди 27-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа марди 27-сола дар ҷоий ҳодиса ба ҳалокат расида, дуи дигар ба беморхона мунтақил шудаанд: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.