Санҷиши Оҷонсии зидди фасод дар дастгоҳи Президент
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолияти Дастгоҳи раисиҷумҳури кишварро таҳти санҷиш қарор додааст.
Ин нуктаро Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон имрӯз, 29 июл дар посух ба суоли “Озодагон” дар бораи хабарҳои фасодкории бархе аз масъулини дастгоҳи раисиҷумҳур таъкид кард.
Хайрзода гуфт, ҳоло санҷиш дар Дастгоҳи Президент идома дорад ва то охири сол натиҷаи он маълум хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод тайи 6 моҳи аввали соли равон дар 29 вазорату кумита ва зерсохтори онҳо 210 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шуда, 103,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Ба иттилои Давлатбек Хайрзода дар Вазорати энергетика ва захираҳои об 47 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, дар “Амонатбонк” 31,6 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 7,6 миллион, Вазорати нақлиёт, асосан дар ҶСК “Тоҷик Эйр” ва “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 6,3 миллион сомонӣ, Вазорати мудофиа ва сохторҳои он 2,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Манбаъ афзуд, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз 1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дар ҳар яки ин ниҳодҳо ошкор гардидааст.