Пешниҳоди олими тоҷик: Бемӯйҳоро кал не, “офтобсар” гӯем
Қурбоналӣ Партоев, олими умури кишоварзии Тоҷикистон бо ироаи як матлаб таҳти унвони “Манзалати мӯйи сар” ба “Озодагон”, пешниҳод кардааст, минбаъд афроди бемӯй ё каммӯй на “кал”, балки “офтобсар” хитоб шаванд.
Ҷаноби Партоев мегӯяд, вожаи "кал" дағалу гӯшхарош буда, чандон мақбул нест: “Аз ин рӯ банда таклиф дорам, шахсонеро, ки мӯйи сарашон мерезад, "офтобсар" гӯем. Яъне саре, ки мӯй надорад, ҷиллои пӯст дошта, каме бошад ҳам шӯълаафкан ба чашм мерасад”.
Муаллифи ин пешниҳод изҳор доштааст, худаш “офтобсар” мебошад ва рехтани мӯйи сарро нишонаи ирсӣ хонда, ба геноми модар вобаста донистааст: “Дар баъзе деҳаҳои кишварамон мушоҳида мегардад, ки кулли сокинони он ба "офтобсарон" мубаддал гардидаанд. Масалан, дар деҳаи Машконаки водии Рашт, ки банда низ дар он таваллуд шудаам, қариб 90 фисади мардони ин деҳа "офтобсар" мебошанд. Бошандагони дигар деҳаҳо онҳоро бо шӯхӣ "калҳои машконакиҳо" мегӯянд”.
Аммо Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, мӯи сокинони бархе аз деҳоти дигари Рашт то дами пиронсолӣ намерезад: “Ба хусус деҳаҳои Қазноқ, Тагоба, Ҳоит, Ялдамич, Навдӣ ва ғайраҳо. Сари мардони ин деҳаҳо ба назар мисли шабҳои моҳтобӣ мемонад, ки ба ақидаи банда онҳоро "моҳтобсар" гуфтан шояд гуворо ва форам бошад”.
Муаллиф барои афроде, ки мӯйи сари онҳо кам-кам рехтаасту байни гуруҳи одамони "моҳтобсар"-у "офтобсар" қарор доранд, номи "соясар"-ро муносиб донистааст. Ӯ мегӯяд, феълан қариб аз 4 миллиард мардони дунё 35 дарсадашон “офтобсаранд”. Партоев истифодаи калимаи дағали “кал”-ро дар мавриди одамони каммӯй нораво хондаст, зеро ба гуфтаи ӯ феълан аз 4 профессор як нафарашон “офтобсар” мебошанд ва зебогии ҷомеаи башариро ташкил медиҳанду баҳри рушду нумуи он саҳмгузоранд.
Дар акс: Қурбоналӣ Партоев