Собиқадорони ВКД-ро ба нафақа гусел карданд (АКС)
Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 29 июл расми ба нафақа гусел кардани кормандони собиқадори ин ниҳод баргузор шудааст.
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, дар ин маросим генерал-майор Икром Умарзода, муовини вазир, сардори Раёсати кадрҳо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд: “Муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом зимни ифтитоҳи чорабинӣ миннатдории Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба собиқадорон ҷиҳати солҳои тӯлонӣ бенуқсон ва бошарафона адо намудани хизмат расонида, оид ба нақши босазои собиқадорон дар таълиму тарбияи насли ҷавони милитсия, баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва хизмати содиқонаю софдилонаи онҳо ибрози андеша намуд”.
Манбаъ мегӯяд, бо фармони вазир як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба нафақа гуселонида шуданд, бо нишони сарисинагии “20-солагии таъсисёбии Созмони собиқадорони ВКД” ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.