Маҳмадзода: Санҷиши амволи Кабирию Назарзода идома дорад
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки амволи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиа пурра ба ҳабс гирифта шудаанд.
Фариддун Маҳмадзода, сардори раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатии Оҷонсии зидди фасод имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, Назарзода ғайриқонунӣ 10 иншооти давлатиро аз худ кардаст ва ҳангоми хусусигардонӣ ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ ба давлат зарар расондааст. Ӯ афзуд, ки парвандаи марбут ба амволи Муҳиддин Кабирӣ дар ихтиёри Палатаи савдо қарор дорад: “Феълан санҷишҳо дар мавриди ҳам амволи Кабирӣ ва ҳам Назарзода идома доранд”.
Қаблан Оҷонсии зидди фасод иттилоъ дода буд, ки гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ 42 биноҳои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигари Кабирӣ ва наздиконашро ошкор кардааст.
Аввали соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода дар маҷмӯъ ба маблағи 151 миллион сомонӣ мулу мулкро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.
Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон изҳор дошта буд, алайҳи амволи Кабирию Назарзода аризаҳои даъвогиро дарёфт кардаанд: “Аризаҳои даъвогӣ барои рӯёндани молу мулк ба маблағи 7 миллион сомонӣ ворид гардидаанд”.
Сарпрокурори ҳарбӣ дар фурӯши ғайриқонунии амволи давлатӣ ба Назарзодаю Кабирӣ мансабдоронро низ гунаҳкор хонда, афзуд, дар бархе ҳолатҳо вақти хусусигардонӣ дар мақомот ҳам қонуншиканӣ сурат гирифтааст: "Вобаста ба он ки аз пеш чаро зери назорат нагирифтанд ва чаро баъд ошкор карда шуд? Дар ҳақиқат ҳаст ҳолатҳое, ки ғайриқонунӣ амавол аз тарафи мақомот ба моликияти шахсӣ гузаронида шудаанд ва аъзои дастаи террористӣ аз ин сӯиистифода карданд. Тафтишоти пешакӣ қарорҳои ғайриқонуниро ошкор кард ва онҳо бекор карда шуданд”.