Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Панҷ, ҷавони 26- сола ҷони худро аз даст дод.
Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, шаби 17-уми ноябри соли равон, тахминан соати 23:15 ронандаи автомашинаи «Карондо» Фарухҷон Муллоеви 26 сола аснои ҳаракат дар деҳаи «Сармантой»-и ноҳияи Панҷ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бинои канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа, худи ронанда аз ҷароҳати вазнини гирифтаааш, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ 5 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Бар асари он 8 нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд.