Вазир дар бораи бонкҳои Алимардону Пирзода: Ба ҷои бонкдорӣ хонасозиҳо кардаанд...
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, бонкдорҳои тоҷик агар танҳо ба фаъолияти бонкӣ машғул мешуданд, имкон доштанд худро аз буҳрон наҷот диҳанду ба вазъи мушкили феълӣ дучор нагарданд.
Ҷаноби Қурбониён имрӯз, 29 июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суол дар бораи вазъи “Тоҷиксодиротбонк”, таҳти роҳбарии Тоҷиддин Пирзода ва “Агроинвестбонк”, таҳти роҳбарии Муродалӣ Алимардон гуфт, раёсати ин бонкҳо имкон доштанд ва метавонистанд худро аз буҳрон наҷот диҳанд.
Вазири молия дар бораи бонкҳои Пирзодаю Алимардон бо таассуф изҳор дошт, ки “мутаасифона ҳамаашон ба фаъолиятҳои ғайрибонкӣ, аз ҷумла сохтмони манзил, заводу фабрика даст заданд”. Вазири молия изҳори боварӣ намуд, ки агар бонкдорҳои кишвар танҳо ба фаъолияти бонкӣ машғул мешуданд, ба вазъи феълии буҳронӣ дучор намегардиданд. Қурбониён гуфт дар сурати менеҷменти хуб имкон дорад, ҳар корхона аз вазъи мушкил раҳо карда шавад.
Изҳороти вазири молия дар ҳолест, ки ду бонки бузурги кишвар-“Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” дар иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди мизоҷон ба мушкилиҳо дучор шуданд. Бонки Миллӣ барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” аз муфлисшавӣ ба ин бонк маъмурияти муваққатӣ равон кардааст.