Ҷузъиёти тамаъҷӯии “тоҷири душанбегӣ” аз занони деҳотӣ: Пул ё обрӯй?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти тамаъкории як сокини ҷавони ноҳияи Нурободро, ки бо роҳи “шантаж” аз занони шавҳардору духтарони болиғи ҳамдеҳааш маблағ меситондааст, ошкор кард.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Зайдов Қурбоналии 29-сола, худро тоҷир аз маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, интихобан бо занони шавҳардору духтарони ноболиғи ҳамдеҳааш давоми як ҳафтаи аввал суҳбатҳои боадабона мекардааст: “Баъдан бо онҳо барои хариди матоъҳои хуб маслиҳат карда, гӯиё шабона молро ба деҳаи Навободи ноҳияи Нуробод оварда, дар назди ҳавлияшон мегузоштааст. Аммо дар асл коре намекардааст ва сипас рӯзи дигар ба занҳо занг зада, мепурсидааст, ки сифати матоъ чӣ гуна буд ва маблағро талаб мекардааст”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ баъди посухи радди занон, ки чизеро нагирифтанд, Зайдов аз “шантаж” кор гирифта, изҳор медоштааст, ки агар маблағ надиҳанд миёни мардуми деҳа дар бораашон овозаҳои беобрӯйкуннда паҳн мекардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳамин тариқ Зайдов дар се ҳолат аз се нафар 1360 сомонӣ ва як ангуштарини тиллоиро ба даст овардааст: “Феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.