Қазоқистон газашро қимат кард: Нарх дар Тоҷикистон ҳам боло меравад?
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъсири болоравии нархи гази моеъ дар Қазоқистонро ба бозори дохилӣ аз эҳтимол дур намедонад.
Қазоқистон, ки таъминкунандаи беш аз 70 дарсади гази моеъ дар бозори дохилии Тоҷикистон мебошад, ахиран барои таъмини ғановати бозори дохилӣ нархи яклухти як тонна гази моеъро аз 32 доллар то ба 67 доллари амрикоӣ боло бурд. Мақомдорони қазоқ мегӯянд, азбаски нархи газ дар Русия 170 доллару дар Тоҷикистон 300 доллар сари ҳар тонна нарх дорад, фурӯшандаҳои газ ҳавасманданд, ки маҳсулоташонро ба хориҷ интиқол диҳанд. Бинобар ин нархи яклухт дар бозори дохилиро боло бурдаанд, то таъминкунандаҳои газ барои фурӯши он дар дохил ҳавасманд бошанд.
Саидалӣ Зарифзода, сардори раёсати монополияи табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шарҳи таъсири ин иқдоми мақомоти қазоқ ба бозори Тоҷикистон гуфт, нархи газ дар кишвар пойбанди омилҳои берунӣ мебошад.
Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки дар пайи таъсири омилҳои берунӣ нархи як литр гази моеъ дар кишвар аз 2,4 сомонӣ то ба 2,8 сомонӣ боло рафтааст. Ин масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ илова намуд, ки ҷаҳиши якбораи нархи газ дар кишвар дар назар нест. Ба гуфтаи Зарифзода дар пайи боло бурдани нархи гази моеъ дар Қазоқистон тоҷирон ба Русия рӯй меоранд.
Феълан тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар 6 моҳ ба кишвар 163 ҳазору 339 тоона газ ворид шудааст, ки 70 фоизи он-115 ҳазору 700 тонна ба Қазоқистон рост меояд: “40 ҳазор тонна ё 25,4 фоиз аз Русия ва 7 ҳазору 700 тонна ё 5 фоиз аз Туркманистон ворид шудааст”.
Дар маҷмуъ Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, воридоти газ ба кишвар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳазору 431 тонна зиёд шудааст.