Даргузашти Акбар Маҳмудов, рассом-ороишгари вилояти Суғд
Саррассом-ороишгари маъруфи вилояти Суғд Акбар Маҳмудов дар синни 55 даргузаштааст.
Маросими видоъ бо Маҳмудов субҳи имрӯз, 28 июл дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Акбар Маҳмудов 31 соли умри худро дар ин театр ҳамчун саррассом-ороишгар пушти сар кардааст.
Дар маросими видоъ бо ӯ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назаров, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, намояндагон аз маъмурияти вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, дӯстону пайвандони марҳум иштирок доштанд.