Тибқи иттилои расида, Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 2-юми бозӣ ҳисобро кушод. Голи дуюми соҳибони майдонро Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 63-юм ба самар расонд. Бозингарони дастаи «Хуҷанд», Ҳусейн Ҷалолов дар дақиқаи 86-ум ва Абдураҳмон Қурбонов дар дақиқаи 91-ум ду тӯби ҷавобӣ ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро баробар намуданд.
Айни ҳол, дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 83 имтиёз аз 36 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 26 бозӣ кардааст, бо 68 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.