Шубҳаи Агентии омор ба ҳисоботи Вазорати маориф дар бораи дурмондаҳо аз таҳсил
Агентии омори Тоҷикистон гузориши Вазорати маорифро дар бораи теъдоди ноболиғони дурмонда аз таҳсил шубҳаовар хонд.
Елена Будникова, муовини сардори Раёсати демография ва шуғли аҳолии Агентии мазкур имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суол, ки чанд нафар ноболиғи синни мактабӣ аз таълим дур мондаанд, бо такя ба ҳисоботи Вазорати маориф гуфт, 200 нафар. Будникова гуфт, Вазорати маориф ҳисобот додааст, ки гӯиё 200 нафар дар кишвар бо таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Ин масъули Агентии омор изҳор дошт, ки ба ин гузориши Вазорати маориф шубҳа дорад, аммо омори дигаре дар ин бора рӯи даст нест.
Зебо Ҷурабоева, масъули Агентии омор гуфт, тибқи натиҷаҳои бақайдгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар Тоҷикистон 99,8 фоизи аҳолӣ савод доранд, хондану навиштан метавонанд. Ба гуфтаи ӯ танҳо 0,2 фоиз хондану навиштан наметавонанд, ки аксаран шахсони маъюб мебошанд.
Дар мавриди пешниҳоди ҳисоботи дурӯғи оморӣ Агентии омор иттилоъ дод, ки тайи 6 моҳ 650 санҷиш гузаронда, пешниҳоди омори нодуруст аз ҷониби 404 шахси воқеиро ошкор кардаанд. Ба иттилои манбаъ алайҳи ин афрод парвандаҳои маъмурӣ таҳия гардида, ба маблағи 106 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Нимсолаи аввали соли гузашта 609 ҳолати пешниҳоди нодурусти оморҳо сабт шуда буд.
Акс аз сомонаи "Даст ба даст"