Ҳалокати шоираи ҷавон, навзод ва 5 ҷавони дигар дар пайи сангрезӣ дар Айнӣ
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 7 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, садама баъди зуҳри 27 июл дар пайи сангрезӣ рух додааст: “Санг аз болои куҳ афтида, ба мошини Опел, ки аз Душанбе ба самти ноҳияи Айнӣ ҳаракат доштааст, бармехӯрад”.
Дар натиҷа 7 мусофири мошини мазкур, аз ҷумла як кӯдак, соли таваллудаш 2016, ноболиғи 12-сола ва ҷавонҳои аз 22 то 32-сола ба ҳалокат расидаанд.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, ҳалокшудаҳо ба ҳам пайванди хешутаборӣ дошта, миёнашон шоираи ҷавон Эътибор Юсуфӣ ва шавҳари ӯ Дӯстиёр низ будааст. Навзоде, ки ҷон додааст, фарзанди ин шоираи ҷавон будааст.