Шаҳрдорӣ дар ҷойи ҳавлиҳои маҳаллаи Зарафшон гулгашт месозад
Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи нақша ҳавлиҳои маҳаллаҳои Зарафшону Испечак кӯч дода шуда, ҷойи онҳо гулгашт сохта мешавад.
Ҷаноби Файзуллоев 26 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нақшаи маҳаллаҳои Испечак ва Зарафшон ҳанӯз солҳои 70-80-и асри гузашта таҳия шуда, қисмати истироҳативу фароғатӣ он ҷо пешниҳод шудааст, вале ин нақшаҳо пурра ба анҷом расонида нашуд. Ба қавли ӯ, “дар замони Шӯравӣ дар ҷойи иншоотҳои фароғатӣ хонаҳо сохта шуд. Мебояд оҳиста-оҳиста хонаҳои индивидуалии ин минтақа барҳам дода шуда, маҳаллаи калон сохта шавад. Дар байни ин маҳалла боғу гулгашт дар нақша ҳаст”.
Сармеъмори шаҳри Душанбе афзуд, дар ҳоли ҳозир мушкили кӯч додани сокинони ин маҳаллаҳо пеш омадааст, зеро баъзеҳо пешниҳоди гирифтани замин дар дигар минтақаҳоро қабул накардаанд: “Вақте ҷой ва имконият шуд, мардумро хезонида нақшаро дар ин ҷо татбиқ мекунем”.
Қудратулло Файзуллоев ҳамчунин аз бунёди як боғи истироҳатӣ хабар дод. Ӯ гуфт, “бо тасмими роҳбарият ва бо назардошти Боғи миллӣ дар қисмати ғарбии Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди аз 175 то 179 гектар боғи истироҳатӣ бунёд мегардад”.