Табиби Ёрии таъҷилӣ дар бораи корманди БДА: Дар чунин ҳолат касе зинда намемонд
Як корманди беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе мегӯяд, Боймурод Эшматов, корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар пайи садама ҷароҳати вазнин бардошта, чанд узви баданаш шикастааст.
Ин табиб бидуни бурдани номаш ба “Озодагон” гуфт, корманди БДА дар ҳолати вазнин соатҳои тақрибан 9 ба беморхона оварда шуд: “Дар ӯ осеби пушидаи косахона ва майнаи сар ба қайд гирифта шуд. 5 қабурға ва чанд узви дигари баданаш шикастааст. Ӯ дар ҳолати вазнин қарор дошт. Дар чунин ҳолат касе зинда намемонад”.
Хабари марги корманди Бозрасии давлатии автомобилиро, ки имрӯз дар пайи як садама дар шаҳри Душанбе маҷруҳ шуд, кормандони Вазорати умури дохилӣ тасдиқ карданд. Онҳо аз марҳум Боймурод Эшматов ном бурда гуфтанд, 53 сол дошт. Яке аз наздикони Эшматов ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, вақте ба тафтиши ҳуҷҷатҳои як ронанда машғул будааст, мошини “Мерседес”-е бо суръати баланд омада, ӯро зер мекунад.
Қаблан, шоҳидони ҳодиса ба “Озодагон” гуфта буданд, “як Ҷип ба ҳаракати “Мерседес” халал расонд. Ронандаи “Мерседес” идораи онро аз даст дод ва ба корманди БДА бархӯрд”.
Ин воқеа дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар наздикии роҳи маҳаллаи Ховарон рух додааст.
Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, барои бурдани ҷасад гуруҳе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хешу ақрабои Боймурод Эшматов ба беморхонаи Ёрии таъҷилӣ омадаанд. Ба қавли наздикони марҳум ронандае, ки сабабгори ин садама шудааст, низ ба беморхона омадааст. “Бино ба гуфтаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷасади Эшматов барои ташхис ба Шаҳраки тиббӣ бурда мешавад”,-мегӯяд, хабарнигори мо.