Вазири тоҷик гуфт, созмони хайрияи Эрон қонуншиканӣ кардааст
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, созмони хайриявии Эрон дар Тоҷикистон ба қонуншиканӣ роҳ додааст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе баён дошта, ҷузъиёти қонуншикании созмони хайриявии эрониро шарҳ надод. Ӯ афзуд, ки феълан ин қазия дар баррасии додгоҳ қарор дорад ва то анҷоми мурофиа аз шарҳи бештар худдорӣ хоҳад кард. Вазири адлия гуфт тасмими ниҳоиро дар робита ба Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ додгоҳ қабул хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо дастури ӯ мутаваққиф шудааст. Ӯ мегӯяд, дар шароите, ки мақомоти тоҷик ба фаъолияти Кумита шак овардаанд, моил нест, ки ин созмони хайриявӣ хидматашро идома бидиҳад.
Фағонӣ афзуд, дар пайи анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ба натиҷае мерасем, ки фаъолияти ин Кумитаро идома бидиҳем ё на.
Вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Кумитаи имдоди Хумайнӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурдааст, ки ин созмони хайрияи эронӣ муқаррароти ойинномаи худ ва қавонини Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро нақз кардааст. Аммо то ҳол дақиқ эълон нашудааст, ки созмони хайриявии эронӣ дар кадом ҳолатҳо қонунгузории Тоҷикистонро нақз кардааст.