Худсӯзии сокини 36-cолаи Кӯлоб дар назди манзили ҳамсари собиқаш
Як сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб худро назди манзили ҳамсари собиқаш, воқеъ дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ оташ задааст.
Наздикони Тоҷиддин мегӯянд, ӯ баъди он ба чунин амал даст задааст, ки ҳамсараш бо далели соҳиби фарзанд нашудан, таркаш намуд. Наргис Ҳамидова, модари Тоҷиддин дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш се маротиба арӯсӣ карда, аммо соҳиби фарзанд нашудааст: “Бо оилаи якумаш 7 сол зиндагӣ кард. Вақте соҳиби фарзанд нашуданд, аз ҳам ҷудо шуданд. Баъди ин ду маротибаи дигар зан гирифт ва онҳо низ бо ҳамин сабаб писарамро тарк карданд. Ҳамин боис шуд, ки даст ба ин кор занад”.
Ба гуфтаи хонум Ҳамидова, модари келини сеюмаш аз Тоҷиддин талаб кардааст, ки “ҷавоби занаш”-ро диҳад, то ӯро ба шавҳар барорад ва соҳиби фарзанд шаванд: “Ту безурёт гуфта, ӯро таъна мекунад. Писарам ҷавобашро медиҳад. Баъди қариб як ҳафта келинам бо модару хоҳараш барои бурдани чизу чорааш меояд. Ману шавҳарам ва як келини дигарам дар ҳавлии дигарамон, ки дар деҳаи ҳамсоя ҷойгир аст, қарор доштем. Ба гуфти ҳамсояҳо, модари келинам ба писари ман гуфтааст, ки “нигоҳ кун, духтарамро бурда шавҳар медиҳам, дар пеши ту бача мекунад”.
Модари Тоҷиддин афзуд, вақте онҳо ба хона баргаштанд, писараш гуфтааст, ки ҳарчанд талош намуд, аммо натавонист ҳамсарашро барои идомаи зиндагӣ розӣ кунонад ва билохира ҷавобаш дод. Ба гуфтаи хонум Ҳамидова, писараш тақрибан соатҳои 13:30-и рӯзи 3 июл аз хона берун шуд ва баъдан хабари худсӯзиашро ба ӯ расонданд: “Дар беморхона ҳамеша мегуфт, ки дар насибам ҳамин сухтан будааст. Маро тасалло медод, ки “оча зиқ нашав, сиҳат шуда, дубора ба пой мехезам, ҳама азобро фаромӯш мекунем”. Аммо баъди 8 рӯз, 11 июл фавтид”.
Наздикони Тоҷиддин мегӯянд, ӯ ва ҳамсари сеюмаш 3 сол буд, ки зиндагии муштарак доштанд ва духтарчаи як бародарашро, ки 9 сол дорад, ба фарзандхонӣ гирифта буданд. Ӯ Шабнам ном дорад. Момагул Мирзоева, хоҳари бузурги Тоҷиддин ба “Озодагон” гуфт, “зани бародарам пеш аз ҷудо шуданаш ба Шабнам мефаҳмонад, ки падару модарии аслии ту дигаранд, ту духтари Тоҷиддин нестӣ, ӯ амакат мешавад”.
Додситонии ноҳияи Восеъ мегӯяд, нисбати ҳолати худсӯзии Тоҷиддин тафтишот бурдааст. Як манбаъ аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, “Тоҷиддин иқрор шуд, ки ин корро ба хотири тарсонидан ва ҳамчун василаи раҳми занашро овардан анҷом додааст. Ба гуфти ӯ, аслан қасди худкушӣ надоштааст ва баъди рехтани бензин ва оташ задан мебинад, ки дигар чора нест худро ба ҷӯйи об меандозад, атрофиён низ омада ба ӯ об мепошанд. Баъд бо мошини худи Тоҷиддин ӯро ба беморхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб меоранд”.