Муҳоҷирзани тоҷик ва навзоди ӯ аз Русия депорт мешаванд
Як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, ки 3 июл дар яке аз кӯчаҳои Қазон таваллуд кардааст, панҷшанбеи 28 июл ба Ватан депорт мешавад. Дар ин бора торнамои “Вечерняя Казань” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Гулбаҳор Мирзоева ҳудуди як сол қабл ба Қазон назди шавҳараш омада, барои муҳоҷироне, ки дар як сохтмон кор мекарданд, ғизо таҳия мекардааст. Шавҳари ӯ панҷ соли ахир дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ фаъолият доштааст. Торнамо менависад, чанд вақт пештар аз таваллуд ҳамсари Гулбаҳор нопадид мешавад.
Олга Бакаева, намояндаи маркази буҳронии “Надежда”, ки шаҳрванди Тоҷикистон онҷо қарор дорад, ба “Вечерняя Казань” гуфтааст, Гулбаҳор рӯзи 3 июл дар кӯча таваллуд кардааст.
Қарор аст, ин муҳоҷирзани тоҷик ва навзоди ӯро рӯзи 28 июл аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд.