Вазири тоҷик сабаби қатъи фурӯши барқ ба Қирғизистонро гуфт
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон далели интиқол наёфтани барқ ба Қирғизистонро ба зиёд шудани талабат ба барқ дар вилояти Суғд рабт дод.
Усмонзода имрӯз, 26-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ҷониби Қирғизистон изҳор дошт, ки ба ивази 2,5 сент омода аст, барқ харад: “Талаботи онҳо 2 миллиард килловат мебошад, ки хеле зиёд аст. Азбаски дар вилояти Суғд корхонаҳои зиёди саноатӣ фаъол шудаанду талабот ба барқ афзоиш ёфтааст, мо содироти барқ ба Қирғизистонро қатъ кардем”.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ахиран ҳавасмандияшро барои хариди барқ аз Тоҷикистон баён карда, изҳор дошт, ки ҷонибҳо дар масъалаи нархи барқ ба мувофиқа нарасидаанд. Тоҷикистон хостааст, барқро ба Қирғизистон ба ивази 3,2 сентӣ сари ҳар киловат фурӯшад, аммо Қирғизистон хостааст, додугирифт бо нархи соли пешӣ-2,5 сент барои ҳар киловат сурат гирад. Аммо Афғонистон барқи Тоҷикистонро нисбатан қиматтар-ҳудуди 4 сент сари ҳар киловат мехарад.
Усмонзода имрӯз таъкид кард, ки мо бозори барқи Афғонистонро дорем ва тақрибан ҳар моҳ ҳудуди 200 миллион киловат соат ба ин кишвар содир мешавад. Ба гуфтаи вазир дар мавсими имсола то ҳол 638 миллион киловат соат нерӯи барқ ба Афғонистон фурӯхта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кишвари мо дар фасли тобистон ба далели набудани хатти интиқол ҳудуди 200 миллион долларро аз даст медиҳад. Ба гуфтаи раисиҷумҳур бо обе, ки аз обанборҳои кишвар дар фасли тобистон бе тавлиди нерӯи барқ раҳо мешавад, имкони истеҳсоли то 5 миллиард киловат соат нерӯ вуҷуд дорад, ки арзиши ин миқдор нерӯ дар бозори минтақа ҳудуди 200 миллион доллар аст.
Вазир ба суоли “Озодагон” дар ин бора гуфт, ҳозир ҳам об аз обанборҳо, асосан Норак бидуни тавлиди барқ раҳо мешавад. Ӯ гуфт, соли гузашта обе, ки муодили 4 миллиард киловат соат буд, бидуни истеҳсоли барқ партов шуд: “Ин мушкил бо бунёди КАСА-1000 ҳалли худро меёбад”.