Агентии ҷангал: Камбуди гургҳо бузҳоро ба дарди шуш мубтало мекунад
Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон дар шарҳи афзоиши ҳамлаи гургон ба чорво, махсусан дар ВМКБ гуфт, ба кишвар 23 гурги муғулистонӣ ворид шудаанд.
Убайдулло Акрамов, муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Агентӣ имрӯз, 26 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз соли 2013 инҷониб 23 гурги муғулистонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омадаанд: “Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон гӯсфанди помирии Архар ва бузи сибирӣ аз байн рафтааст ва дар натиҷа қисми зиёди гургони муғулистонӣ ба Тоҷикистон кӯч баста истодаанд”.
Ба гуфтаи ӯ бо вуҷуди кӯч бастани гургони бегона дар Тоҷикистон камбуди гургҳо ҷой дорад.
Ба иттилои Акрамов айни ҳол дар Парки миллии Тоҷикистон 500 гург мавҷуданд, ки аз меъёри экологӣ 161 адад кам мебошад: "Бештари гургон аз наёфтани ғизо аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч мебанданд”.
Акрамов камбуди гургҳоро зараровар хонда, мисол овард, ки соли 2011 дар пайи куштори зиёди гургҳо дар ноҳияи Шӯрообод зиёда аз 6 ҳазор чорво ва 74 ҳайвони нодир фавтиданд: “Соли 2011 вақте гургон тариқи сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистон меомаданд, мардум онҳоро мекуштанд ва ин боиси ба бемории шуш гирифтор шудани чорво гардид. Ҳарорати бадани бузҳои хонагӣ баланд мешуд ва дар вақти нӯшидани об шуши онҳо аз кор монда, мефавтиданд”.
Акрамов хусусияти хуби гургҳоро дар он гуфт, ки ба воситаи муйлабчаҳояшон ҳайвонҳои беморро ҳис карда, онҳоро мехӯранд: “Гург тамоми ҳайвонҳоеро, ки ба касалиҳои сирояткунанда гирифтор мешаванд, нобуд мекунад. Гургҳои маҳаллӣ ба мо зарар намерасонанд, аммо гургҳои кӯчбаста ҳамла мекунанд, ҳатто агар шахс дар даст яроқ дошта бошад”.
Ба иттилои Акрамов феълан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зист барномае амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он зимистони соли 2015-2016 зиёда аз 12 гурги муғулистонӣ безарар гардонда шуданд: “Бидуни иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зист мо гургҳоро парондан наметавонем. Зеро ҳар чизе, ки аз табиат гирифта мешавад бояд асоси илмӣ дошта бошад”.